Раиси Бонки миллии Тоҷикистон: доллар каму рубл зиёд шуда истодааст

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тағйирот дар таркиби асъории ҳисоббаробаркуниҳо зимни тиҷорати хориҷии кишварро ба қайд гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Пардохтҳо бо доллар дар Тоҷикистон кам ва рубли Русия зимни ҳисоббаробаркуниҳо афзоиш ёфта истодаанд.
Ин нуктаро раиси нави Бонки миллии кишвар, Фирдавс Толибзода зимни шарҳи масъалаи ҳисоббаробаркуниҳо бо шарикони тиҷорӣ, аз ҷумла Русия баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, тамоюли камшавии ҳисоббаробаркунӣ бо доллар сабт гардидаст ва бо пули миллӣ дар сатҳи пешина қарор дорад.
Пештар коршиносон ҳушдор дода буданд, ки истифодаи доллар аз сӯи ИМА ҳамчун фишор боиси заиф шудани мавқеи ин асъор мегардаду василаҳои алтернативии пардохт пайдо хоҳанд шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон фаҳмонд, ки чаро ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирон дақиқ нест
Дар шароити таҳриму фишорҳо Душанбе ва Маскав зимни додугирифт ҳисоббаробаркуниҳоро бо рубли Русия афзоиш додаанд.
Тоҷикистон соли гузашта ба сатҳи рекордӣ, беш аз 8,3 млрд доллар тиҷорати хориҷӣ доштаст, ки беш аз панҷяки он ба Русия рост меояд.
Гардиши молии мутақобила миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2023 рекордшикан шуда, аз 1,7 млрд доллар гузаштаст, ки қариб 21%-и савдои умумиро ташкил медиҳад.
Русия ба Тоҷикистонро бо маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла ғизо, сӯзишворӣ, маҳсулоти кимиёвӣ, чӯбу чӯб, маҳсулоти механикӣ ва техникӣ ва ғайра таъмин мекунанд.
Тоҷикистон дар навбати худ ба Русия асосан маҳсулоти кишоварзӣ, пахтаву нахи онро мефурӯшад.