Вазир: Кормандони ихтисоршудаи БДА аз мақомот ронда намешаванд

Ихтисори воҳидҳои корӣ дар Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бо дастури раисҷумҳур амалӣ шуда, ҳадаф таъмини тартибот дар роҳҳо гуфт мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Кормандони ихтисоршудаи Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон бо кор дар дигар бахшҳои мақомот таъмин хоҳанд шуд.
Дар ин бора вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ихтисори нозирони роҳ вобаста ба танзими тартибот дар роҳҳо ва афзоиши маърифати мардум мунтазам сурат мегирад.
"Вобаста ба сатҳи донишу малакаашон дар дигар сохторҳои мақомот бо кор таъмин мегарданд. Аз мақомот пеш карда намешаванд", - таъкид кард Раҳимзода.
Ихтисор тибқи тартиби муайяннамудаи ҳукумат сурат хоҳад гирифт, ки айни ҳол ин раванд идома дорад, гуфт вазир.
Вай илова намуд, ки дар сохтори БДА инчунин аттестатсия гузаронда шуда буд, ки дар натиҷа беш аз 80 нафар аз мақомот озод шуданду гуруҳи дигар намуди ҷазоҳои интизомӣ гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки бо фармони президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон воҳидҳои кории Бозрасии давлатии автомобилӣ 30% ихтисор мешаванд.
Тавре дар фармони нашршудаи раисҷумҳур гуфта шудааст, ин иқдом бо мақсади таъмини самаранокии фаъолияти БДА амалӣ мешавад.
Ҳалокати тоҷикистониҳо дар сӯхтору садамаҳо якбора зиёд шудаст: Чаро?
Пеш аз ин Эмомалӣ Раҳмон зимни як суҳбат бо роҳбарияти БДА аз ҷумла аз ҳолатҳои зиёди қонунушиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат ёдовар шуда, ислоҳи вазъро талаб карда буд.
Ба роҳбарияти мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ дастур дода шуда буд, ки минбаъд зимни ба кор қабул кардан ба маҳорати касбӣ ва дониши мукаммали кадрҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.