Тоҷикистон мизбони размоишҳои СААД мешавад

Машқҳои низомии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли равон дар қаламрави Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Маҷмӯи машқҳои муштарак ва вижаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар моҳҳои сентябр-октябри соли 2024 ба нақша гирифта шудаанд.
Размоишҳои мазкур дар қаламравҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мешавад, гуфт генерал-полковник Андрей Сердюков, сардори ситоди муштараки СААД.
Сердюков афзуд, ки дар моҳи октябри соли 2024 дар Тоҷикистон як ҳамоиши фаврӣ бо ҳайати фармондеҳии нерӯҳои муштарак дар минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад шуд.
Ҳамчунин размоишҳо таҳти унвони "Рубеж-2024" дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, афзуд ӯ.
СААД афзоиши ҷангиёни ДИИШ*-ро дар наздикии марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мебинад
"Инчунин имсол аз ҷумла дар қаламрави Қирғизистон гузаронидани машқҳои фармондеҳӣ бо нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ таҳти унвони "Амалиёти мутақобила-2024" дар назар аст", - афзуд ӯ.
Қирғизистон ҳамчунин мизбони тамрини вижа бо нирӯҳо ва воситаҳои иктишофӣ "Ҷустуҷӯ-2024", машқҳо бо воситаҳои таъминоти моддию техникии "Эшелон-2024" мешавад.
Илова бар ин, дар моҳҳои сентябр-октябр дар қаламрави Қазоқистон машқҳои фармондеҳии нерӯҳои посдори сулҳи СААД "Бародарии осебнопазир - 2024” дар назар аст, изҳор дошт генерал.
Сардори Ситоди муштараки СААД таъкид кард, ки дар марҳалаҳои фаъоли машқҳо ба ҳайси нозирони метавонанд намояндагони давлатҳое, ки узви созмон нестанд, созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои ҳарбӣ-дипломатӣ дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок намоянд.