ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Рӯзҳои наздик хатари фаромадани тарма дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳад.
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво аз 12 то 14 феврал дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ хатари тармафароӣ дар назар аст.
Ба гуфтаи ҳавошиносон, дар аксари манотиқ бориши борон ва барф дар назар аст.
Дар роҳҳое, ки аз навоҳии куҳсор мегузаранд, яхбандӣ ба амал меояд.
Дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ва навоҳии кӯҳистонии тобеи ҷумҳурӣ хатари фаромадани тарма ҳамчунон боқӣ монда, ҳушдор то 14 феврал бо назардошти он идома меёбад.
Дар робита ба ин Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд карда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидории зимистона дар ин минтақаҳо худдорӣ кунанд.
Хангоми дар роҳҳои куҳӣ ҳаракат кардан дар байни мошинҳо масофаро назар ба ҳолати муқаррарӣ дарозтар нигоҳ доштан лозим аст, зеро масофаи нигоҳдорӣ (тормоз кардан) дар роҳҳои лағжон хеле зиёд мешавад.