Ярмарка ва ё намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ як сол ба ин тараф баргузор мешавад ва шанбеи ҳар ҳафта дар маркази шаҳрҳои бузурги Суғд сокинони зиёдеро ба ҳам меоваранд
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ҳам ярмаркаи шанбеӣ рафт, ҷараёни баргузории онро сабту бо харидорону фурӯшандаҳо суҳбат кард.
Фурӯшандаҳо гуфтанд, ки дар ин гуна фурӯшгоҳҳо ба фарқ аз бозор аз онҳо пардохти таҳҷоӣ талаб карда намешавад ва аз ҳамин хотир моли онҳо нисбатан аз бозорҳо дида арзон аст.
Аксари харидорон мегуянд, мушоҳида кардаанд, ки фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили картошкаву сабзиву биринҷ дар ин қабил ярмаркаҳо аз то як сомонӣ камтар аз нархи бозор аст ва барои сарфаи ҳамин миқдор маблағ, барои хариди маводи озуқаворӣ ба ин ҷойҳо меоянд.
Чунин ярмаркаҳо ҳар шанбе дар шаҳрҳои бузурги Суғд: Хуҷанду Бӯстон ва Гулистону Истиқлол доир мешаванд
Ҳокимони Суғд ҳам ба ин ярмаркаҳо мераванд ва нархҳоро назорат намуда, бештар бо фурӯшандаҳо ҳамсуҳбат мешаванд.
Ба гуфтаи масъулони идораи кишварзӣ дар ҳар кадом чунин ярмаркаҳо кам ва ё бештар аз 150 тон маводи ниёзи рӯзғор ба фурӯш бароварда мешавад.