ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Соҳибкори амрикоӣ Илон Маск дар шабакаи иҷтимоии X бо изҳороте розӣ шуд, ки кумаки молӣ ба Украина мушкилот дар хати ҷабҳаро тағйир намедиҳад.
Ба гуфтаи вай ин кумакҳо муноқишаро давом медиҳанд ва боиси марги садҳо ҳазор украиниҳо мешавад.
Вақти он расидааст, ки Байден, Макрон ва Шолтс эътироф кунанд, ки онҳо бохтанд ва Русия Қрим ва минтақаҳои навро нигоҳ медорад, гуфта шудаст дар изҳороти соҳибкор.
"Воқеъан," - Маск розӣ шуд.
Танҳо суол ин аст, ки то эътироф шудани ин воқеъият чанд кӯдаки дигар мемиранд, хулоса кард соҳибкор.
Як рӯз пеш Маск изҳороти раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байденро дар бораи он ки нахостани Конгресс барои пуштибонӣ аз Украина ба саҳлангории ҷиноӣ монанд аст, маҳкум кард.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ ширкат дар даргириҳо дар Украинаро расман рад мекунанд, аммо ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳ идома медиҳанд.
Дар авоили моҳи июн Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самтҳои Запороже, Южнодонетск ва Артемовск амалиёти зиддиҳамларо оғоз карда, ба ин минтақаҳо гуруҳҳои ҷангие, ки НАТО тамрин дода бо силоҳи онҳо муҷаҳҳаз буданд, партоб кард. Аммо украинҳо дар ягон самти ҷабҳа муваффақият ба даст наоварда, талафоти калон доданд.