ДУШАНБЕ, 10 фев – Sputnik. Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон ФФТ Рустами Эмомалӣ, ба СММ пешниҳод намуданд, ки “Рӯзи ҷаҳонии Футбол” расман эълон гардад.
Дар ин бора ӯ зимни паёми видеоияш, ки котиботаш нашр кард, изҳор медорад.
Ба гуфтаи вай, нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, тариқи қабули Қатъномаи махсуси созмон чунин тасмим гирифта шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, гуфтааст, ки мардумони сайёраи Замин бештар аз 150 сол аст, ки ба футбол машғуланд ва ин бозӣ аз замони пайдоиш то кунун як вазифа ва як ҳадаф дорад, ки он ба ҳам овардани инсонҳо мебошад.
“Имрӯз ҳатто дар хурдтарин мамлакати олам одамон ба футболбозӣ машғуланд, яъне футбол ҳамчун маҳсули эҷоди тафаккури инсонӣ аз як бозии оддӣ ба омили пайвандгари инсоният табдил ёфтааст”,- таъкид кардааст шаҳрдори Душанбе.
Маълум аст, ки футбол дар баъзан кишварҳо ҳамчун варзиш маъруф аст, вале он танҳо як бозӣ нест.
Ӯ дар идома мегӯяд, ин намуди варзиш як падидаи фарҳанги умумиҷаҳонист, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоиву иқтисодиро убур мекунад.
Президенти ФФТ бо ишора ба нақши футбол мегӯяд, он варзишест, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони унверсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Рустами Эмомалӣ дар футболи минтақавӣ нақши муаян дорад.
Мавсуф тайи чанд давра аст, ки ФФТ ва ҳамчунин CAFA-ро роҳбарӣ мекунад, ки ахиран барои раушди чашмгир аз ҷониби раҳбарияти КФО баҳои баланд гирифта буд.