ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро дар баробари асъори мухталифи ҷаҳон эълом кард.
Ҳамин тариқ, нархи рубли русӣ дар бозори ҷумҳуриявӣ боз поин рафта, то 120,1 сомонӣ барои 1000 рубл расид.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ 120,7 ва сомонӣ қимат дошт, ки нисбат ба нишондиҳандаи охири моҳи январ ҳудуди чаҳор сомонӣ кармтар аст.
Қурби доллар доллар низ пас аз гаронии тадриҷӣ коҳиш ёфт. Ҳамин тавр, як рӯз пеш як долларро имкон дошт ба 10,9589 сомонӣ ва ҳоло 10,9536 сомонӣ харид.
Тибқи нишондоди Бонки миллӣ, евро низ дар бозори асъор тамоюли поинравӣ пайдо кардааст.
Ҳоло дар Тоҷикистон онро бо қимати 11.8830 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин дарҳолест, ки як рӯз пеш он 11.7617 сомонӣ қимат дошт.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9536 то 10.9600 сомонӣ, 1 евро аз 11.7817 то 11.8500 сомонӣ ва 1000 рубли русӣ аз 120,1 то 122 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.