Шикори паҳподҳои Русия аз паси сарбозони украинӣ дар минтақаи амалиёти вижа - видео

Аз FPV паҳподҳои Русия пинҳон шудан ғайриимкон аст: наворҳои истифодаи ҷангии паҳподҳои сохти Русия дар минтақаи амалиёти вижа нашр шуд
Sputnik
Вазорати дифои Русия навореро нашр кардааст, ки паҳподҳои артиши Русия сарбозҳои украиниро дар минтақаи амалиёти вижа шикор мекунанд.
Дар тӯли як ҳафта, идоракунони FPV дронҳо се ҷараёни ивазкунии сарбозҳоро дар наздикии мавқеъҳояшон рафъ карданд, тақрибан 70 нафар низомиён ва се таҷҳизоти нобуд карда шуд.
Дар ҳамин ҳол вазорати дифои Русия хабар додааст, ки сарбозони рус дар самти Донетск мавқеъҳои муфидтареро ишғол карданд.
"Лансет"-ҳои Русия як тӯпи худгарди нерӯҳои украиниро нобуд карданд - видео
“Дар самти Донетск воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои ҷанубӣ мавқеъҳои муфидтарро ишғол намуда, инчунин ҳафт ҳамлаи душманро рафъ карданд, ҳайати шахсӣ ва техникаи артиши Украинаро дар маҳалҳои аҳолинишини Клещеевка, Андреевка, Курдюмовка, Новгородское, Георгиевка ва Катериновкаи Ҷумҳурии мардумии Донецк нобуд карданд", — иттилоъ додааст вазорат.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижа озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Орбан: Вақт ба суди Русия аст, на Киев
Кишварҳои ғарбӣ ширкат дар даргириҳо дар Украинаро расман рад мекунанд, аммо ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳ идома медиҳанд.
Дар авоили моҳи июн Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самтҳои Запороже, Южнодонетск ва Артемовск амалиёти зиддиҳамларо оғоз карда, ба ин минтақаҳо гуруҳҳои ҷангие, ки НАТО тамрин дода бо силоҳи онҳо муҷаҳҳаз буданд, партоб кард. Аммо украинҳо дар ягон самти ҷабҳа муваффақият ба даст наоварда, талафоти калон доданд.