ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон боз сари қисме аз тақсимоти сарҳади давлатӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
"Дар вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 3,71 км сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд",- афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ин мувофиқа дар нишасти якҳафтаинаи гуруҳҳои гурӯҳҳои топографӣ ва кории масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматӣ, ки аз 30 январ то 5 феврал дар шаҳри Бодканд доир шуд, ба даст омад.
Таъкид шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, аз натиҷаи мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Тибқи нақша, ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардад, идома хоҳанд дод.
Масъалаи тақсимоти марз имрӯз 5 февра аз мавзӯи меҳварии мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷииҚирғизистон Жээнбек Кулубаев шуд.
Дар ин дидор таъкид гардидааст, ки тайи чор моҳи гузашта ҷонибҳо навиштаҷоти лоиҳавӣ ва кории тақрибан 196 километри хатти сарҳади давлатиро ба мувофиқа расонида, ба ҳолати имрӯза дар маҷмӯъ қариб 90 дарсади гузариши онро ба анҷом расонидаанд.
Раҳбари Тоҷикистон аҳамияти дар ин маҷро идома додани корҳо оид ба ҳалли ҳамаҷонибаи масоили марбут ба сарҳадро таъкид намудааст.