Раҳмон бо вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон масоили марзиро баррасӣ кард

Кишвардори Тоҷикистон ба вазири хориҷаи Қирғизистон идома додани корҳо оид ба ҳалли ҳамаҷонибаи масоили марбут ба сарҳадро таъкид намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди он мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон бар аҳамияти рушди фаъолтари муколамаи сиёсӣ ва таҳкими фазои эътимод дар муносибатҳои ду кишварро, ки бар арзишҳои чандинасраи дӯстӣ ва анъанаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд, таъкид кардааст..
Ҷонибҳо ҳамзамон масъалаҳои пешбурди музокироти дуҷониба оид ба муайян намудани хати сарҳади давлатҳоро баррасӣ кардаанд
"Таъкид гардид, ки тайи чор моҳи гузашта ҷонибҳо навиштаҷоти лоиҳавӣ ва кории тақрибан 196 километри хатти сарҳади давлатиро ба мувофиқа расонида, ба ҳолати имрӯза дар маҷмӯъ қариб 90 дарсади гузариши онро ба анҷом расонидаанд",- афзудааст манбаъ.
Кишвардори Тоҷикистон дар ин самт идома додани корҳо оид ба ҳалли ҳамаҷонибаи масоили марбут ба сарҳадро таъкид намуданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Муҳриддин: Ҳамкорӣ бо ҳамсояҳо, аз ҷумла Қирғизистон, авлавияти сиёсати Душанбест
Дар ин дидор ҳамчунин масъалаҳои истифодаи муштараки захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ, тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодӣ, парлумонӣ ва дар дигар самтҳои ҳамкории байни ду кишвар баррасӣ шуданд.
Зимни мулоқот ба мавзӯъҳои алоҳидаи дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.