Ҳукумати Қазоқистон ба истеъфо рафт

Қосимҷомарт Тоқаев ба аъзои ҳукуматаш дастур додааст, ки то замони тасдиқи ҳайати нав ба иҷрои вазифаҳои худ идома диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 фев— Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев истеъфои ҳукумати ин кишварро пазируфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти ӯ гузориш медиҳад.
Қайд мешавад, ки фармони дахлдорро дар ин бора раисҷумҳури кишвар имзо кардааст.
Ин дар асоси моддаи 70-уми Сарқонуни Қазоқистон сурат гирифт. Ҳамакнун иҷрои вазифаҳои роҳбари Девони вазирон ба зиммаи муовини аввали сарвазир Роман Скляр гузошта шудааст.
Ғайр аз ин Тоқаев ба аъзои ҳукумат дастур дод, ки то тасвиби ҳайати нави кобина ба иҷрои вазифаҳои худ идома диҳанд.
Қосимҷомарт Тоқаев кай ба Тоҷикистон меояд? Эълони сафари дарпешистода
Аз январи соли 2022 ҳукумати Қазоқистонро Алихон Смаилов раҳбарӣ мекунад. Скляр то имрӯз дар вазифаи ҷонишини якуми сарвазир буд.
Ахиран хадамоти матбуотии Тоқаев хабар дод, ки президент 7 феврал ҷаласаи васеи ҳукумат баргузор мекунад, ки иштирокчиёни он рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро барои соли 2023 ҷамъбаст намуда, вазифаҳои асосиро муайян мекунанд.