Вакили Дума изҳороти президенти Лаҳистон дар бораи Қримро шок барои Украина хонд

Вакили Думаи давлатӣ изҳороти президенти Лаҳистон дар бораи он, ки Қрим таърихан мансуби Русия будасту баргардондани он баъид аст, такондиҳанда хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Президенти Лаҳистон Анжей Дуда бо изҳороти худ дар бораи мансубтияти таърихии Қрим мақомоти Украинаро такон дод, изҳор дошт вакили Думаи давлатӣ аз Севастопол, узви Кумитаи умури байнулмилалӣ Дмитрий Белик.
Қаблан раисиҷумҳури Лаҳистон, дар мусоҳиба бо барномаи "Kanal Zero" эътироф кард, ки Қрим таърихан ба Русия тааллуқ дошт ва афзуд, ки намедонад, ки Украина метавонад нимҷазираро зери назорати худ баргардонад ё на.
Дуда бо изҳорот дар бораи мақоми Қрим гилемро аз зери пои ҳамтои украиниаш Зеленский берун кашид, гуфт Белик.
"Барои режими Киев, ин бешубҳа такон аст. Онҳо албатта чунин як чархиши сиёсиро интизор набуданд аз Лаҳистон", - изҳор дошт вакил.
Вай зикр намуд, ки Лаҳистон дар Аврупо барандаи аслии манфиатҳои Амрико ва шадидтарин русофоби дар сиёсати худ аст.
"Изҳороти он, ки Қрим ба Украина барнамегардад, бисёриҳоро ба андеша водор мекунад: оё куртаҳоро даррондан ва ба вагонҳо ба Украина пул фиристодан арзиши онро дорад ё на, ки ҳатто Лаҳистон ба он боварӣ надорад. Оё ин сарфи беҳуда нест", - илова намуд Белик.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Орбан: Вақт ба суди Русия аст, на Киев
Ахиран раисиҷумҳури Лаҳистон гуфт, баид аст, ки Украина Қримро баргардонад. Барои ин вай фавран аз ҷониби сиёсатмадорони эътилофи аврупоӣ, ки дар кишвар ҳукмронӣ мекунад, танқид карда шуд. Ҳамзамон вай умедвор аст, ки Украина назорат бар Донетск ва Луганскро "аз нав ба даст меорад".
Қрим аз соли 2014 ва Донетску Луганск аз соли 2022 баъди раъйпурсӣ ба Русия пайвастанд.