ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Душанбе ва Бишкек барои таҳкими муносибатҳои дӯстона саъй мекунанд, таъкид намуданд вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин ҳамтои қирғизаш Ҷээнбек Кулубоевро дар Душанбе гарм истиқбол гирифта, омодагиро барои баррасии доираи васеи масоили дуҷонибаю бисёрҷониба баён дошт.
Ба гуфтаи вазири тоҷик, тавсеа ва таҳкими равобити дӯстона бо ҳамсояҳо аз авлавияти сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад ва махсусан бо давлатҳое, ки марзи муштарак дорад.
"Бовар дорам, ки мо бо шумо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ хоҳем кард", - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин дар хитоб ба меҳмон.
Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Ҷээнбек Кулубоев барои даъвату пазироӣ изҳори сипос карда, азми кишвараш барои таҳкими ҳамкориҳоро баён дошт.
Интизор меравад, ки дар чорчӯби ин сафар Қулубоевро раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳузур мепазирад.
Феълан аз масоили калидӣ миёни ду кишвар сарҳадот мебошад, ки муайянсозии он бо талоши ду ҷониб вусъат ёфта истодааст.
Бар асоси иттилои ахир, Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 км марзи муштарак доранд. Дар ҳоли ҳозир беш аз 90% ё ҳудуди 875 километри хатти сарҳадӣ аз ҷониби давлатҳо муайян ва эътироф шудааст. Тарафҳо ният доранд, ки корро дар ояндаи наздик пурра ба анҷом расонанд.