Ба мисли ИИАО: Тоҷикистон мехоҳад, футболбозонаш дар Русия "легионер" ҳисоб нашаванд

Масъала дар ҳоле ба миён гузошта шуд, ки аз мавсими солҳои 2022-2023, Лигаи олии Русия маҳдудияти бозигарони хориҷиро то 13 нафар муайян кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Ҳалли масъалаи лағви мақоми "легионер"-и футболбозони тоҷик, ки дар Русия бозӣ мекунанд, мушаххастарро тақозо мекунад.
Дар ин бора ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Алишер Урунов хабар дод.
Гуфта мешавад, ки футболбозони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон футболбозони хориҷӣ ҳисобида намешаванд.
"Агар бозигари тоҷики дорои душаҳрвандӣ бозигари хориҷӣ ҳисобида нашавад, чӣ мушкил дорад? Қонунгузории мо ба ин иҷоза медиҳад", - гуфт ӯ.
Тоҷикистон хостори ҳалли ин масъала аст, аммо то ҳол мушаххас нест, изҳор доштаст мақомдори ФФТ дар сӯҳбат бо РИА "Новости".
Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, ки ҳатто ду тарбиятгирифтаи футболи Тоҷикистон дар Лигаи олӣ кор мекарданд ва Рашид Раҳимову Игор Черевченкоро ном бурд.
Мунтахаби Тоҷикистонро дар Ватан чӣ гуна пешвоз гирифтанд - аксҳо
"Тоҷикистон як кишвари хурд, вале хеле ва хеле футболист, ки анъанаҳои азим дорад. Аз ин рӯ мо омодаем минбаъд низ бозӣ ва ҳамкорӣ кунем, ҳамкориҳои худро такмил диҳем", - хулоса кард Алишер Урунов.
Маврид ба зикр аст, ки шурӯъ аз мавсими 2022-2023, Лигаи олии Русия барои ҳар як дархост то 13 футболбози хориҷиро муайян кардааст, ки аз ин шумора на бештар аз 8 бозигар дар як вақт дар майдон буда метавонанд.