ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон як сабаби маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум эълом кард.
Далер Ҷумъа рӯзи 1-уми феврал дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе
Яке аз омилҳои маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон "суръати рушди иқтисод" будааст.
Дар ин бора вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотияш ба рӯзноманигорон изҳор дошт.
Ба гуфти вазир, афзоиши аҳолӣ низ талабот дар ҷумҳурӣ ба неруи барқро афзун кардааст.
Аммо дар айни ҳол ба таъкиди вай, камии об низ боиси дар сатҳи боло истеҳсол нашудани нерӯро ба миён меорад.
Ӯ тирамоҳи гузашта ва моҳҳои ахири зимистонро мисол овард, ки нисбат ба соли 2022 қариб 95% камбориш буд, ки ба сатҳи дарёи Вахш, ки аксар нерӯгоҳҳо дар он аст, таъсир расонид.
Тибқи додаҳои вазорат дар соли 2023 истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ ба 21, млрду 861,3 млн. кВт. расидааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба дурнамои соли 2023 дар ҳаҷми 178, 8 млн. кВс ва нисбат ба соли 2022 -юм 462,3 млн. кВс. ё 22% зиёд будааст.
Ҳамзамон дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли нерӯи гармӣ ба 943,2 ҳазор гигакалория расидааст, ки нисбат ба дурнамои солона 285, 7 ҳазор Гкал ё 23, 2% кам будааст.