Тоҷикистон ба хориҷ чӣ қадар барқ содир кард?

Ширкати "Брешнои Афғонистон" ҳама уҳдадориҳои қарзияш дар назди “Барқи тоҷик” иҷро кард, мегӯяд Вазорати энергетика ва захоири оби Тоҷикистон
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев— Sputnik. Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ​​ба кишварҳои хориҷиро дар соли 2023 коҳиш додааст.
Дар ин бора аз додаҳои вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа, дар нишасти матбуотияш бармеояд.
Ба иттилои ӯ дар ин давра ҷумҳурӣ ба хориҷ 2,7 млрд кв соат соат нерӯи барқ содир кардааст.
Аммо ӯ, маблағи аз фурӯш ба даст омадаро сирри тиҷоратӣ хонду нагуфт ва таъкид кард, ки нерӯ бар асоси нархгузориҳои тасдиқшуда дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон фурӯхта мешавад.
Ин дар ҳолест, ки Агентии омори кишвар фурӯши барқи тоҷикро ба хориҷ дар соли 2022 ҳудуди 3,4 млрд кв соат гуфта буд, ки даромад аз он 106 млн доллар шудааст.
Тиҷорати Тоҷикистон бо Толибон* – арқому воқеиятҳо
Ӯ изҳор дошт, ки харидорони асосии бар тоҷикистон Ӯзбекистон, Афғонистон ва камобеш Қазоқистон мебошад.
Вазири энергетика таъкид кард, ки содироти барқ хусусияти мавсимӣ дорад ва дар давраи серобӣ, ки аҳолии кишвар бо барқи доимӣ таъмин мешавад, қисмати зиёдатии он ба хориҷ фурӯхта мешавад.
Вай афзуд, ки ҳиссаи ночизе, ки ҳоло содир мешавад, сифр ҳадафи техникӣ дорад.
Далер Ҷумъа дар идома гуфт, ки ширкати "Брешнои Афғонистон" ҳама уҳдадориҳои қарзияш дар назди “Барқи тоҷик” иҷро карда, ҳоло миёни ширкатҳо ягон мушкили тиҷорӣ вуҷуд надорад.