Дар ИИАО назорат ба дарёфти шаҳодатномаи борҳоро шадид мекунанд

Ҳуҷҷатҳои баҳодиҳии мутобиқат аксар вақт бо вайрон кардани тартибот ё бидуни санҷиш дода мешаванд, ки ин боиси зиёд шудани шумораи маҳсулоти қалбакӣ мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар фазои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) мушкилоти роҳёбии шаҳодатномаҳое, ки ба молҳои пастсифат дода мешавад, шадид аст.
Кишварҳои узви созмон дар ҷаласаи Шӯрои Комиссияи иқтисодии Авруосиё (ЕЭК) дар бораи андешидани чораҳои муштараки системавӣ ба мувофиқа расиданд.
Иштирокчиён қайд карданд, ки асноди баҳодиҳии мутобиқат аксар вақт бо нақзи тартиб ва ё бидуни санҷиш дода мешавад, ки ин барои афзоиши маҳсулоти қалбакӣ ва таъсири манфӣ ба саломатии инсон заминаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад.
Дар ИИАО миқёс ва таҳдиди вазъи кунунии ба миён омадаро арзёбӣ карданд.
"Дар пайи муҳокима Шӯрои КИАО дастур дод, ки барои баррасӣ ба комиссия маълумот дар бораи шаҳодатномаҳои боздошташуда барои соли 2023, ки дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дода шудаанд, ирсол карда шавад", — гуфта мешавад дар хабар.
Танзими муҷаддад дар ИИАО: чӣ теъдод молро бидуни боҷ интиқол додан мумкин аст?
Қаблан Маскав аз кишварҳои ИДМ даъват карда буд, ки пардохтҳоро бо пули миллӣ афзоиш диҳад.
Чунин чораҳо бояд дар мисоли ИИАО дар пасманзари таҳримҳои Ғарб андешида шаванд, гуфт муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Александр Панкин дар ҷаласаи намояндагони доимии ИДМ.
Ба гуфтаи ӯ, иқдомоти аввалиндараҷаи рафъи маҳдудиятҳо гузаштан ба ҳисоббаробаркуниҳо бо рубли русӣ ва пули миллии кишварҳои дӯст аст.