ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо судури амре роҳбари Хадамоти матбуоташ Абдуфаттоҳ Шарифзодаро аз мақомаш озод кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Манбаъ сабаби барканории Шарифзодаро расидан ба синни нафақа гуфтааст.
Мавсуф 64 сол дошта, аз 15 декабри соли 2003 Котиби матбуоти президенти Тоҷикистон таъйин шуда буд ва тайи 20 сол дар ин мақом кор кард.
Сарвари давлат бо амри дигаре Қосимӣ Заробиддинро роҳбари нави Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон таъйин кардааст.
Қосимӣ дар гузашта роҳбарии хабаргузории "Ховар"-ро ба уҳда дошта, солҳои охир ба ҳайси сафир дар Арабистони Саудӣ ва Миср фаъолият доштаст.
Сухангӯи нави президент кист?
Қосимӣ Заробиддин 4 ноябри соли 1967 таваллуд шуда, хатмкардаи шуъбаи забони арабии факултаи Забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Фаъолияташро аз муаллимии мактаби ибтидоӣ оғоз карда, ходими хурди илмии пажӯҳишгоҳи Ҳуқуқ ва фалсафаи Шарқи Академияи илмҳо, нозир ва нозири калони Маркази матбуоти ВКД низ будааст.
Вай ҳамчунин дар вазифаи сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиа ва котиби матбуотии вазири мудофиаи Тоҷикистон ва машваратчии калони Хадамоти матбуоти президенти ва муовини роҳбари Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар кор кардааст.
Солҳои 2015-2016 директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” низ буд.
Ҳудуди чаҳор сол сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва аз 31 августи соли 2020 сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурӣ дар Миср буд.
Мавсуф оиладор ва падари шаш фарзанд мебошад.