Пахта кам чида шуд: Мақомот гуфт сабаби камҳосилӣ дар чист

Соли 2023 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 175 629 гектар кишти пунбадона гузаронданд, ки 94,4 дарсади дурнаморо ташкил медод.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Вазорати кишоварзӣ хабар додааст, ки аз майдонҳои кишти ҷумҳурӣ қарор буд 430 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ мегардид, аммо ба ин ниҳоди давлатӣ, то аввали моҳи январи соли равон ба корхонаҳои коркард 344,4 ҳазор тонна пахта ворид гашт, ки 85,1 дарсади нақша мебошад, иттилоъ додааст нашрияи “Ҷумҳурият”.
Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 21,1 сентнер расид, ки дар соҳаи пахтапарварӣ нишондиҳандаи паст ва боиси нигаронӣ аст.
Ба гуфтаи манбаъ барои фоида гирифтан бояд аз ҳар гектар камаш 30 сентнер ҳосил гирифта шавад.
Ба иттилои коршиносони вазорат, яке аз сабабҳои асосии камҳосилӣ бенизомӣ дар соҳаи тухмипарварӣ мебошад. Марказҳои илмию тадқиқотии зироатпарварӣ фаъолияти худро густурда пеш намебаранд.
Содироти пахта, маҳсулоти сабзавотию меваҷот аз Хатлон ба Қазоқистон зиёд мешавад
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ Баҳодур Назаров, набудани шартномаи тарафайни ҳамкориҳои судманд байни корхонаҳои пахтақабулкунӣ бо истеҳсолкунанда, яъне деҳқон, боиси сол ба сол коҳиш ёфтани ҳавасмандии пахтакорон ба парвариши ин зироати қиматбаҳо гардид.
“Ин аст, ки майдони кишт дар соли 2023 нисбат ба соли 1991 дар ҷумҳурӣ 123,2 ҳазор гектар ва ҳосил 475,2 ҳазор тонна кам шуд”, - таъкид кард ӯ.
Ба маълумоти масъулони соҳа, сабаби дигари иҷро нагардидани нақшаи истеҳсоли пахта дар соли гузашта норасоии оби полизӣ дар мавсими ҳосилбандӣ мебошад.
Тибқи таҳлили мутахассисон, арзиши аслии як кило пахтаи истеҳсолшаванда 11 сомониро ташкил медиҳад, аммо деҳқонон, бинобар сабаби аз ҷониби корхонаҳои коркард харидорӣ нашудани пахта бо арзиши аслӣ, маҷбур мешаванд, ки онро бо нархи 5 сомонӣ фурўшанд.
"Бо ин сабаб баъзе пахтакорон соли гузашта ҳосили ҷамъовардаро дар хонаҳои худ нигоҳ дошта, ба корхонаҳои коркард нафурўхтанд, аз ин рў, як қисми ҳосил аз қайди расмӣ берун монд”, - таъкид кардааст вазорати кишоварзӣ.
Чанде пеш аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои марбута гурўҳи корӣ ташкил шуда, ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафарбар гардиданд. Гурўҳ муайян кард, ки қариб 22 ҳазор тонна пахта дар хонаҳо нигоҳ дошта мешавад.
Беобӣ боиси талафёбии 1000 гектар замини пахта шуд
Баҳодур Назаров илова кард, ки аз арзиши аслӣ паст харид гардидани пахта ва сари вақт пардохт нашудани ҳаққи чиниш, сабаби коҳиш ёфтани ҳавасмандии хоҷагиҳои пахтакор гашта, дар таъмини дурнамои кишт ва истеҳсоли “тиллои сафед” таъсири манфӣ мерасонад.
Ҳамзамон вазорат як масъалаи дигари ҳалталабро низ гуфт. Ба гуфтаи ин ниҳод баъзе роҳбарони хоҷагиҳои пахтакор мутахассисони соҳа набуда, муҳлати кишти пунбадонаро ба мусобиқа табдил дода, ҳолати заминро ба назар намегиранд.
“Кор то ҷое расидааст, ки дар баъзе аз ноҳияҳои пахтакор пунбадона охирҳои моҳи феврал кишт мешавад”, - қайд кардааст манбаъ.