Қосимҷомарт Тоқаев кай ба Тоҷикистон меояд? Эълони сафари дарпешистода

Вазирони корҳои хориҷии ҷумҳурӣ вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад.
Дар бораи омодагӣ ба ин сафар сарони вазоратҳои корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Мурат Нуртлеу гуфтугӯ карданд.
Гуфта мешавад, ки вазирон дар бораи харитаи роҳ барои омодасозии сафари давлатӣ ба мувофиқа расиданд.
Аммо вазоратҳои хориҷаи ду ҷумҳурӣ то ҳол санаи дақиқи онро эълон накардаанд. Ягона чизеро, ки Sputnik Тоҷикистон аз ин ниҳод дастрас кард, ин сафар тобистони соли ҷорӣ дар назар аст.
Ба ҷуз аз имзои созишномаҳо дар бораи сафари дарпешистода, вазирон вазъият ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ карданд.
Раҳмон бо вазири корҳои хориҷаи Қазоқистон мулоқот кард: тафсилот
Илова бар ин, дар рафти гуфтушунид хати дастгирии мутақобила дар пешбурди ташаббусҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ, СААД ва САҲА тасдиқ гардид.
Қаблан вазири хориҷаи Қазоқистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот карда буд.
Дар он роҳбари ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Қазоқистон аз авлавияти доимии сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Мурат Нуртлеу, вазири умури хориҷии Қазоқистон рӯзи 24 январ бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода пешвоз гирифт.