Чаро ширкатҳои мобилӣ мехостанд хизматрасониро гарон кунанд: посухи Хадамоти зиддиинҳисорӣ

Дар ин ниҳод бар ин назаранд, ки тарифҳои ширкатҳои мобилӣ ва бастаҳои хизматрасонии мобилӣ бояд 35-40% боло бурда шаванд
Sputnik
Душанбе, 25 янв - Sputnik. Сарфи назар аз афзоиши хароҷоти ширкатҳои алоқаи мобилӣ (беш аз 40%), барои аз даст надодани бозор ва ба инобат гирифтани вазъи иҷтимоии аҳолии кишвар ташкилотҳо мехостанд тарофаҳои хизматрасониро аз 7 то 12% боло баранд.
Афзоиши нархи тарофаҳо ба афзоиши дигар хадамоти иҷтимоӣ ва коммуналӣ дар Тоҷикистон вобаста аст, изҳор доштанд аз Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Қайд карда мешавад, ки аз 1 январи соли 2024 арзиши иҷораи биноҳо ва майдонҳо барои истгоҳҳо боло рафтааст.

"Болоравии арзиши дастгоҳҳои алоқаи барқӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва таъмири онҳо низ мутаносибан боло рафт", - таъкид кард манбаъ.

Аз ин рӯ, хадамот бар ин назар аст, ки тарифҳои ширкатҳои мобилӣ ва бастаҳои алоқаи мобилӣ бояд 35-40% боло бурда шаванд.
"Ин бояд ба рушди соҳа мусоидат намуда, хароҷотро пӯшонад", - қайд карданд аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ.
Дар акси ҳол, ширкатҳо, албатта, муфлис намешаванд, балки ба буҷаи давлат таъсири манфӣ мерасонанд, ҳушдор додааст дар ин ниҳод.
Тоҷикистон ба интернети Чин пайваст мешавад
Дар ҳамин ҳол, бино ба таҳлили ин ниҳод, болоравии таруфаҳои ширкатҳои мобилӣ ба афзойиши таруфаҳои хадамоти дигари иҷтимоӣ-маишӣ бастагӣ дорад.
Дар маҷмӯъ, аз соли 2020 то соли 2024 тарифҳои нерӯи барқ ​​335, хоҷагии манзилию коммуналӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 20%, хизматрасонии манзилӣ дар шаҳри Душанбе 10% ва нишондиҳанда барои ҳисобҳо 24,13% боло хоҳанд рафт.
Ин вазъ аз дидгоҳи Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба фаъолияти мунтазами ширкатҳои алоқаи мобилӣ ва сармоягузорӣ ба бозсозии пойгоҳҳои техникӣ таъсири манфӣ мерасонад.