Хадамоти алоқа ба ширкатҳо гуфт, аз тасмимашон гарданд: ба ҳадафҳои президент таъсир дорад

Дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ба болобарии қимати хизматрасонии мобилӣ иҷоза намедиҳанд, зеро он барои амалисозии тасмимоти муҳиме таъсир мерасонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз ширкатҳои мобилии кишвар хост, ки қарори боло бурдани қимати арзиш ва нархи тарофаҳоро бекор кунанд.
Тавре маълум аст, давоми чанд рӯз тамоми операторони алоқаи мобилӣ арзиш ва нархи тарофаҳои худро баланд бардошта, оид ба ин иқдом ба муштариёнашон СМС-паёмак фиристоданд.
Ин тасмими ширкатҳои мобилӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои тундро дар пай дошт.
"Хадамоти алоқа бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муштариён ин иқдомро ғайримақсаднок ҳисобида, дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми операторони алоқаи мобилиро ба бекор кардани ин иқдом даъват кард",- афзудааст дафтари матбуоти ин ниҳод.
Хадамот чунин меҳисобад, ки ин иқдом бо ҳадафҳои раҳбарияти Олии кишвар ҷиҳати паст намудани арзиши хизматрасониҳои мобилӣ ва баланд бардоштани сифати алоқаи барқӣ мухолиф буда, ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа таъсири манфӣ мегузорад.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки ин барои амалисозии тадбирҳои муҳиме мондани гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ монеа эҷод мекунад.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ба баландшавии арзиш ва нархи тарофаҳои алоқа мобилӣ роҳ намедиҳад.
“Навсозию ислоҳот”: санади ҳамкории Хадамоти алоқа бо як ширкати дигари русӣ
Инчунин таъкид кардааст, ки тамоми имкониятҳои иқтисодӣ-техникии операторони алоқаи мобилиро ба вусъат додани корҳо дар минтақаҳои зери пӯшиши шабакаҳои алоқаи мобилӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва поин овардани арзиш ва нархи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ равона менамояд.
Аз муштариён даъват шудааст, ки ба паёмакҳои қабулгардида оид ба баландшавии арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ эътибор надода, ба истифодабарии тарофаҳои худ бо арзиши феълӣ идома диҳанд.