ВАО: Исроил ба Ҳамос оташбаси думоҳаро пешниҳод кард

Телавив дар чаҳорчӯби оташбаси густарда ба раҳбарони аршади Ҳамос пешниҳод кардааст, ки иҷозаи тарки навори Ғаззаро медиҳад ва ин масъала ду бор баррасӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Исроил тавассути миёнаравҳо ба Ҳамос пешниҳод кардааст, ки дар набардҳои навори Ғазза барои раҳоии ҳамаи асирон то ду моҳ оташбас кунанд.
Дар ин бора бунгоҳи хабарии амрикоии Axios дар истинод ба ду мансабдори Исроил хабар медиҳад.

"Ин мақоми исроилӣ гуфтанд, ки Исроил тавассути миёнаравҳои Қатар ва мисрӣ ба Ҳамос пешниҳодеро ирсол кардааст, ки дар он таваққуф дар набардҳо то ду моҳ ҳамчун як бахше аз созиши бисёрмарҳала, ки раҳоии ҳамаи гаравгонони боқимонда дар Ғаззаро низ дар бар мегирад", - навиштааст манбаъ.

Ҳамзамон шабакаи телевизионии CNN бо истинод ба ду мақоми огоҳ аз гуфтугӯҳо гузориш додааст, ки Исроил гуфтааст, дар чаҳорчӯби оташбаси густарда ба раҳбарони аршади Ҳамос иҷозаи тарки навори Ғаззаро медиҳад
"Пешниҳоди Исроил дар бораи хуруҷи раҳбарони Ҳамос аз Ғазза, ҳарчанд аз эҳтимол дур нест, ки Ҳамос онро қабул кунад. Ин масъала дар ҳафтаҳои ахир дастикам ду маротиба дар чаҳорчӯби музокироти густурдаи оташбас баррасӣ шудааст",- афзудааст манбаъ.
Зарбаҳои Исроил ба урдугоҳи гурезаҳо дар Ғазза ҷони беш аз 70 танро гирифт
Тавре яке аз мансабдорон қайд кард, моҳи декабри соли 2023 директори истихбороти Исроил "Моссад" Дэвид Барнеа дар бораи пешниҳод дар Варшава сухан гуфт ва баъдан ин масъала дар музокироти моҳи январ дар Доҳа бо котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен матраҳ шуд.
Ин шабака таъкид мекунад, ки агар раҳбарони Ҳаммос аз навори Ғазза хориҷ шаванд, он метавонад назорати ҷунбиш бар ин минтақаро заъиф созад ва ҳамчунин ба Исроил имкон диҳад, ки шикори "ҳадафҳои муҳим"-ро дар хориҷ идома диҳад.

Муноқишаи Фаластину Исроил

Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос эълом шуда буд, навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.
Дар посух, нерӯҳои Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карду, шаҳрро бо бомбандозӣ ба хуну хок кашид.
Ҷонибҳо сар аз 24 ноябр ба оташбас барои чаҳор рӯз мувофиқа карда, баъдан онро тамдид карда буданд, аммо мӯҳлати оташбас миёни Исроил ва Ҳамос рӯзи ҷумъа 1 декабр соати 7:00 (8:00 ба вақти Маскав) ба поён расид.
Тиҷорати ҷаҳонӣ зери хатар: Ҳусиҳои Яман барои Ғазза аз Ғарб интиқом мегиранд
Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар бораи масоили марзӣ ихтилоф доранд. Аз ин ру, дар ин минтақа тез-тез задухӯрдҳои мусаллаҳона ба амал меомаданд.
Дар соли 1947 бо иштироки фаъолонаи Иттифоқи Шӯравӣ дар бораи барпо намудани ду давлат — Исроил ва Фаластин қарор кабул карда шуд, вале фақат аввалинаш ташкил карда шуду дуввум аз он бенасиб монд.
Ба гуфтаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна танҳо дар асоси формулаи “ду давлат”, ки аз ҷониби Шӯрои Амнияти СММ тасдиқ шудааст, имконпазир аст, ки таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар марзҳои соли 1967 бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқ пешбинӣ мекунад.