Мунтахаби Тоҷикистон бо пирӯзӣ дар Ҷоми Осиё мавқеяшро дар рейтинги ФИФА боло бурд

Ҷойгоҳи беҳтари мунтахаби Тоҷикистон ба шарофати бурди ахири миллипӯшони кишвар дар бозӣ бо Лубнон дар доираи Қаҳрамонии Осиё даст дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар радабандии нави Федератсияи байнулмилалии футбол ва худ ФИФА 7 зина боло рафт.
Дар нашри охири рейтинги дастаҳои миллӣ Тоҷикистон бо 1206,94 имтиёз аз мақоми 106 ба зинаи 99-ум баромад.
Ин ба шарофати бурди ахири миллипӯшони кишвар дар бозӣ бо Лубнон дар доираи Қаҳрамонии Осиё даст дод.
Маврид ба зикр аст, ки ин беҳтарин нишондиҳанда дар таърихи футболи кишвар аст.
Зеро дар гузашта болотарин нишондиҳандаи мунтахаби кишвар ҷойгоҳи 106 дар соли 2013 ва ноябри 2023 буд. Пастарин нишондиҳандаро кишвар соли 2003 (зинаи 180-ум) дошт.
Тоҷикистон Лубнонро шикаст доду ба даври плей-оффи Ҷоми Осиё -2023 баромад
Дар сегонаи беҳтаринҳо чун гузашта Аргентина, Фаронса ва Англия қарор гирифтаанд.
Аз дастаҳои узви КФО Ҷопон пешсаф аст (дар ҷаҳон 17-ум), Эрон (21) Австралия (23) пас аз он қарор гирифтаанд. Тоҷикистон дар зинаи 17-царор дорад.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ чун ҳамеша Узбекистон (68-ум, 1358,14 имтиёз) пешсаф аст. Қазоқистон бошад, ду зина болотар аз Тоҷикистон дар ҷойи 97, Қирғизистон 105 ва Туркманистон дар ҷойи 141-ум қарор доранд.
Русия бошад, як зина пеш рафта, бо 1498,84 имтиёз дар мақоми 37-ум қарор гирифтааст.
Рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишвар аз рӯйи натоиҷи дастаи мунтахаби миллӣ дода мешавад.