Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Киев ҷои заифи Русияро ёфтааст

Аз рӯи хабарҳои воридшаванда, вазъ дар Киев аз мушкил аслан ба ноумедӣ табдил меёбад. Бо коҳиши кӯмакҳо онҳо бештар даст ба амалҳои террористӣ мезананд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik, Ирина Алкснис. Аз рӯи хабарҳои воридшаванда, вазъ дар Киев аз мушкил аслан ба ноумедӣ табдил меёбад.
Аз як тараф, дар он ҷо камбуди шадиди пул вуҷуд дорад: маблағҳои ҷудошуда тамом мешаванд ва ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ба далели ҷанҷолҳои дохилӣ то ҳол кӯмаки молиявию низомии ваъдашударо расонида наметавонанд.
Бино ба навиштаи The Wall Street Journal, имсол касри буҷаи Украина беш аз 40 миллиард долларро ташкил хоҳад дод, ки тақрибан 30 миллиард доллари он бояд тавассути кӯмакҳои пулии Ғарб пӯшонида шавад ва онҳо барои таъмини хароҷоти асосии ҳукумат – пардохти маош, нафақа ва кӯмакҳои иҷтимоӣ заруранд.
Амрико ва аврупоихо ҷанҷол мекунанд ва ҳалли масъаларо ба моҳи феврал кашол медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, Киев ҳоло ба пул ниёз дорад ва вазъ ҳукуматро маҷбур мекунад, ки кадоме аз вариантҳои яке бадтар аз дигарашро интихоб кунад: ё мошинаи чопкунии пулро ба кор андозанд, ки ин боиси тавваруми бесобиқа мешавад, ё пулдиҳиро аз рӯи ӯҳдадориҳои иҷтимоӣ дар назди аҳолӣ ба ояндаи номуаян гузоранд.
Бо дарназардошти он, ки вазъият дар ҷомеаи Украина на он қадар ором аст ва рейтинги ҳукумат поин рафта истодааст, чораҳои номатлуб ба бесуботии шадид бо оқибатҳои комилан пешгӯинашаванда таҳдид мекунанд.
Украина бо Зеленский ба самти нодуруст равона аст - Кличко
Аз тарафи дигар, вазъият дар фронтро “тумани” (номуайянӣ) зичи ҷанг фаро гирифтааст. Дар маҷмӯъ, бархӯрди мавқеъӣ идома дорад, аммо дар баробари ин артиши Русия чанде пеш ба чанд комёбиҳои назарраси тактикӣ ноил гардид, ки аз ҷониби мухолиф низ эътироф карда шуданд.
Ва дар якҷоягӣ бо нуктаи аввал, кас чунин таассурот пайдо мекунад, ки душман аз омили "қатраи охирин" сахт метарсад, ки косаро лабрез мекунад ва боиси фурӯпошии фронт мешавад. Гузашта аз ин, душманро мо бояд на танҳо дар симои мақомоти Киев, балки дар симои эътилофи нерӯҳои зиддирусӣ дар Ғарбро, ки ҳама чизро ба муқобили Маскав гузоштаанд, низ бинем.
Аён аст, ки дар ниҳояти кор барои онҳое, ки дар он ҷо қарор қабул мекунанд аён шуд, ки дар чунин усули муноқишае, ки ҳоло дар шакли ҷанги харобиовар муайян шудааст, маҳз кишвари мо бартарии стратегӣ дорад.
Ғарб камбуди захираҳо дорад, бароиУкраина бошад, вақт тамом мешавад. Барои шахсони масъулият бар дӯш дошта, дидани чандин чораҳои зарур муҳим аст, ки: а) агар ғалаба ба даст ҳам наояд бояд, хати ҷабҳаро “яхбандӣ” кунанд (яъне дар як ҳолат нигоҳ доранд); б) роҳбарияти Русияро маҷбур кардан, ки қарорҳои бемантиқ ва бефоида қабул кунад; в) оромкардани онҳое, ки дар худи Ғарб аз дастгирии Украина норозианд; г) элитаҳои баҳсбарангези Ғарбро маҷбур сохтан, ки байни худ оид ба маблағгузории бефосила барои Киев ба созиш бирасанд.
Трамп ИМА-ро партовгоҳ номиду ваъдаи ҳалли низои Русияу Украинаро дод
Дар ин вазъ дар Украина ва бешубҳа дар ғарб тасмим гирифта шуд, ки ба усулҳои ошкорои террористӣ гузаранд, то Русияро, ки дар ҳолати рушди устувор ва тавофуқи қавии миллӣ қарор дорад, бо ҳамлаҳои ҳадафмандона ба аҳолии осоишта ва инфрасохтори муҳим ноором созад.
Дар рӯзҳои солинавӣ Белгород, якшанбеи гузашта Донетск, ҳамлаи бесарнишин ба терминали Новатек дар Уст-Луг дар меҳвари ин қарор ба амал омаданд. Баъзеҳо сахт умедворанд, ки метавонанд ё дастгирии ҷамъиятиро дар Русия суст кунанд, ё Кремл ва Вазорати мудофиаро барои қабули қарорҳои номатлуб барои аскарони мо дар фронт таҳрик медиҳанд. Ва он гоҳ, сохторҳои ғарбӣ, ки аз Украина ноумед шудаанд, дубора ба он бовар мекунанд ва ба сармоягузории фаъолона шурӯъ мекунанд.
Воқеан, фармони охирини Владимир Зеленский "Дар бораи қаламрави Федератсияи Русия, ки таърихан украинҳо онҷоистиқомат мекунанд" маҳз ба ҳамин мақсад хизмат мекунад.
Аввалан, ба таври иловагӣ ба Маскав итминон мебахшад, ки Киев комилан барои музокира омода нества бо ҳамин Русияро ба дидани чораҳои бефикр барои ҳалли "масъалаи Украина" тела медиҳанд. Ва сониян, буридани роҳҳои фирор барои қувваҳои солимфикр дар Ғарб, ки ҳоло қувва ва садои баландтар мегиранд.
Лавров Украинаро аз такрори сенарияи Афғонистон ҳушдор дод
Русия ба ин даъвати нав чӣ гуна посух хоҳад дод, вақт нишон медиҳад. Ростӣ, як чизро метавон бо итминон гуфт: на Киев ва на Ғарб қодир нестанд, ки раҳбарияти низомиву сиёсии кишварро ба иқдоми сарсарӣводор созанд.
Бо вуҷуди ин, дар бораи посухи эҳтимолии Маскав баъзе тахминҳо вуҷуд доранд. Масалан, вақте ки Фаронса беэътиноӣ кард, ки пешвои аврупоӣ дар мубориза бо Русия шавад, 60 зархариди фаронсавӣ дар Харков ҷони худро аз даст доданд ва даҳҳо нафари дигар дар катҳои беморхона бистарӣ шуданд.
Париж, албатта, дар бозии бад чеҳраи хуб вонамуд сохтан мехоҳад, аммо гумоне вуҷуд дорад, ки бо чунин "пиар" барои ҷалби кадрҳои нав ба "фронти шарқӣ" мушкилиҳо пеш меояд ва умеди охирини пирӯзӣ бар хирси рус аллакай зуд пажмурда мешавад.