ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ҳиндустон ба рушди ҳамкориҳои саноатӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) манфиатдор аст.
Ҳайати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё таҳти роҳбарии муовини директори департаменти сиёсати саноатӣ Николай Рогожник дар намоишгоҳ ва конфронси байналмилалии технологияҳо ва инфрасохтори Smart Cities India Expo дар Деҳлӣ ширкат кард.
Зимнан зикр гардид, ки Ҳиндустон яке аз шарикони стратегии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Осиёи Ҷанубӣ мебошад.
"Ҳиндустон яке аз шарикони стратегии ИИАО дар Осиёи Ҷанубӣ аст. Мо имкони рушди ҳамкориҳоро дар бахшҳои мошинҳои барқӣ, энергияи таҷдидшаванда, металлургия, дорусозӣ, саноати кимиё дорем", - гуфт Рогожник.
Намояндагони КИАО дар бораи принсипҳои асосии ҳамгироии авруосиёӣ дар бахши саноат суханронӣ намуда, бо иштирокчиёни чорабинӣ таҷриба ва пешрафтҳои рушди истеҳсоли мошинҳои барқӣ, ҷузъҳои онҳо ва инфрасохтори пуркунандаи барқро баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки миёни солҳои 2020-2023 маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИИАО 4,1% афзуда, ба 2,2 триллион доллар расид.
Истеҳсоли маҳсулоти саноат 8,3%, аз ҷумла дар саноати маҳсулоттайёркунӣ 5,7% афзуд.
Истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ 11,8% афзуд. Тибқи маълумоти расмӣ, ҳаҷми савдои мутақобилаи кишварҳои узви созмон 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.