Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ки ҳоло бо сафари давлатӣ дар Қатар қарор дорад, бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон мулоқот намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон аз футболбозони тоҷик хост, барои парафшон кардани парчами Тоҷикистон талош кунанд.
Ҳамзамон, роҳбари давлат ба онҳо дар бозӣ бо тими Лубнон пирӯзӣ таманно кард.
Манбаъ меафзояд, ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба президент барои дастгирии пайваста ва ҳавасмандкунияшон миннатдорӣ баён намуда, афзуданд. ки барои сазовори боварию эътимоди роҳбари давлат, мири Душанбе ва кулли мардуми Тоҷикистон талош мекунанд.
Бозии мунтахаби Тоҷикистону Лубнон бегоҳи рӯзи 22 январ, соати 20:00 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамади Доҳа баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, дар даври аввал дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Чин мусовӣ (0:0) бозида, дар даври дуюм аз Қатар бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.
Мавриди тазаккур аст, ки аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз байни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.