Дар Душанбе аз муноқишаи хонандагони се мактаб ҷилавгирӣ шуд

Ҳоло нисбати волидони 13 хонанда барои бемасъулиятӣ нисбати таълиму тарбияи фарзандон протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар Душанбе 13 хонанда аз сӯи кормандони милитсияи Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт боздошт шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти РВКД хабар дода, афзуд, ки бинобар фаъолияти саривақтии кормандони ин ниҳод аз муноқишаи гурӯҳии хонандагон, ки шояд оқибатҳои фалокатовар ба бор меовард, ҷилавгирӣ карда шуд.
Манбаъ афзуд, ки хонандагони макбати рақами №8 - и ноҳияи И.Сомонӣ ва хонандагони рақами №43 ва 54 - и ноҳияи Сино дар шабакаи иҷтимоӣ баҳси лафзӣ намуданд.
Пасон наврасон дар кӯчаи Маяковский ҷамъ омада, мехостанд ба ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кунанд. Вале пеши роҳи онҳоро кормандони милитсия гирифтанд.
Волидони бемасъулият дар тарбияи фарзанд 1,2 млн сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд
Гуфта мешавад, бо боздошт кардани 13 ноболиғ кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз муноқишаи гурӯҳӣ, ки эҳтимол оқибати нанговар медошт, пешгирӣ карда шуд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки нисбати волидайни 13 нафар ноболиғ барои бемасъулиятӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Ҳоло ҷиҳати чораҷӯӣ маводҳо ба суд ирсол карда шуд.
Маврид ба зикр г аст, ки ҷавобгарии маъмурӣ барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд огоҳӣ ва ё ҷарима аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудаст.