Суқути ҳавопаймои мусофирбари ҳиндӣ дар Бадахшони Афғонистон

Ҳавопаймо шоми 20 январ ҳангоми парвоз дар ҳарими ҳавоии Афғонистон (дар наздикии марзи Тоҷикистон) иртиботро қатъ карда, аз экранҳои радарҳо ғайб задааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ҳавопаймои мусофирбарии Ҳиндустон дар кӯҳистони вилояти Бадахшони Афғонистон суқут кард.
Дар ин бора хабаргузории "Пажвок" дар шабакаи иҷтимоии X хабар додааст.
"Рӯзи якшанбе мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки як ҳавопаймои мусофирбари ҳиндӣ дар манотиқи кӯҳистонии Бадахшон суқут кардааст", - афзудааст манбаъ.
Ба навиштаи Khaama Press, ҳавопаймои мазкур аз масири аввалааш берун баромада, дучори сонеҳа шудааст.
Ба гузориши расонаҳои марбут ба гуруҳи ҳоким дар Афғонистон воқеа дар куҳи Турхона дар сарҳади ноҳияҳои Киронманҷон ва Зебок рӯй додааст.
Ҳукуматдорони маҳаллии гуфтаанд, ки ба он ҷо гуруҳҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳиро фиристодаанд.
Суқути ҳавопаймо бо 72 сарнишин - видео
Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ Русия гуфтааст, ки ҳавопаймои Falcon, ки дар Афғонистон нопадид шуд, дар феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои шаҳрвандии Федератсияи Русия сабти ном шудааст.
Гуфта мешавад, Falcon 10 шоми шанбеи 20 январ ҳангоми парвоз дар ҳарими ҳавоии Афғонистон (дар наздикии марзи Тоҷикистон) иртиботро қатъ карда, аз экранҳои радарҳо ғайб зад, гуфта мешавад дар паёми Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ Русия.
То кунун ҷузъиёт дар бораи афроди дохили ҳавопаймо ва тақдири онҳо мушаххасоте нест.