Се шаҳрванди Тоҷикистонро аз меҳнати ғуломӣ дар Мянмор наҷот доданд

Вазорат ҷузъиёти қазияро бештар ошкор накарда ва шарҳ надодааст, ки ин афрод чӣ гуна ба Мянмор расиданд ва чанд вақт дар онҷо буданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тоҷикистон се шаҳрвандашро, ки дар Мянмор қурбонии қочоқи инсонӣ шуданд, ба Ватан баргардонид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин са тан ҷавонон буда, имрӯз 20 январ ба Тоҷикистон оварда шуданд.
Гуфта мешавад, раҳоии ин шаҳрвандон дар пайи талошҳои сафорати Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо мақомоти шоҳии Таиланд, Сафорати Мянмор дар Малайзия, инчунин Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ва Намояндагии байналмилалии адлия даст дод.

"Мақомоти дахлдори Тоҷикистон ҳоло бо ин шаҳрвандон корҳои барқарорсозӣ ва равоншиносӣ бурда, барои дар оянда пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо чораҳои пешгирикунанда меандешанд",- афзудааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол вазорат ҷузъиёти қазияро бештар ошкор накарда ва шарҳ надодааст, ки ин афрод чӣ гуна ба Мянмор расиданд ва чанд вақт дар онҷо буданд.
Эълони ҳукми раҳбари ширкати “Ҷамол-2012” барои одамфурӯшӣ: занонро ба Арабистон мебурд
Ёдовар мешавем, ки дар гузашта хабарҳои қурбонии қочоқ шудани шаҳрвандони кишвар аз ҷумла ба баъзе кишварҳои арабӣ буд, аммо ин нахустин хабари қочоқи тоҷикистониён ба Мянмор аст.
Маврид ба зикр аст, ки ба масоили мубориза савдои одамон дар сатҳи байналмилалӣ диққати махсус дода шуда, соли 2000 Маҷмаъи кулли СММ Протоколи ҷилавгирӣ аз савдои одамон ва мубориза бо онро қабул кард, ки ба номи Протоколи Палермо ва ё Протоколи савдои одамон маъруф аст.
Тоҷикистон низ ҳанӯз дар соли 2002 ба ин шумор пайваста буд.