Камбуди зиёд: Раҳмон сардорони раёсати КДАМ, ВКД ва прокуратураи Хатлонро аз кор озод кард

Раисҷумҳур қайд кард, ки роҳбарони мақомоти мазкури вилоятӣ, минтақавӣ ва якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар иҷрои вазифаи хизматӣ ба бемасъулиятӣ роҳ додаанд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар ҷаласаи ахири Шурои амнияти Тоҷикистон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ниҳодҳои қудратӣ вазъи таъмини амнияту субот, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткориро дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон ҳаматарафа баррасӣ кард.
Раисҷумҳур дар ин ҷаласа ба талабот ҷавобгӯ набудани сатҳи иҷрои қонунгузории замин, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва қочоқи он, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва дигар ҷиноятҳои барои ҷомеа хафнок изҳори нигаронӣ кард.
“Президенти мамлакат аз камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ мисолҳои мушаххас овард”, - таъкид кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Қайд гардид, ки роҳбарони мақомоти мазкури вилоятӣ, минтақавӣ ва якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар иҷрои вазифаи хизматӣ ба бемасъулиятӣ роҳ додаанд.
Раҳмон 30% кормандони БДА-ро ихтисор кард
Сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбати иҷрои вазифаҳои хизматӣ, роҳ додан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, зиёд шудани ҷиноятҳои дорои хусусиятҳои экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба кор қабул кардани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ дар сафҳои мақомот, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аз ҷониби роҳбарони мақомот аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар ҷаласаи Шурои амният мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифтанд.
Дар робита ба ҳолатҳои зиёди қонунвайронкунӣ ва риоя нагардидани талаботи қонун ва оинномаҳои ҳарбӣ Президенти кишвар сардори раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори ВКД дар шаҳри Кӯлоб, сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён, сардори раёсати ВКД вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, сардорони баъзе раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ аз вазифа озод кард.
Ҳамчунин мувофиқи фармони Раҳмон прокурори вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардорони баъзе аз раёсатҳои Прокуратураи генералӣ ва прокуророни якчанд шаҳру ноҳияҳо, сардори гурӯҳи фаврии раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон, Сардори гурӯҳи фаврии ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардорони якчанд раёсатҳои Дастгоҳи марказии КДАМ аз вазифа озод шуданд.
Ҳамзамон аз вазифа сардори раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон ва муовинони ӯ, сардори шуъбаи ин агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва сардори Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, лоиҳаҳои сармоягузории Агентӣ озод шуданд.
Роҳ ба ҷавонон? Эмомалӣ Раҳмон ёваронашро иваз кард
“Сардорони якчанд Раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовар низ аз вазифа озод карда шуданд”, гуфт ӯманбаъ.
Инчунин ба Вазири мудофиа ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ супориш дод, ки нисбати командирони қисмҳои низомие, ки ба камбудиву қонунвайронкунӣ роҳ додаанд, аз вазифа озод карда, барои бартараф намудани ҳамагуна ҳаракатҳои ғайриоинномавӣ чораҳои қатъӣ андешида, аз натиҷааш ба таври хаттӣ дар муддати 10 рӯз ҳисобот диҳанд.
Президенти мамлакат ба масъалаи аттестатсия- санҷиши хизматии кормандони БДА Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард, супориш доданд, ки воҳидҳои кории мақомоти мазкур 30 фоиз ихтисор карда шавад.
Ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назорати ва сохторҳои низомӣ супориш дода шуд, ки дар муддати даҳ рӯз масъалаи ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо аз ҳисоби кормандони болаёқат, кордон, соҳибтаҷриба ва масъулиятшинос таъин намоянд.