Аз корти сурхи Камолов то бохт: натиҷаи бозии дуюми Тоҷикистон дар Қаҳрамонии Осиё

Миллипӯшони тоҷикро зарур аст, ки барои расидан ба плей-офф дар бозии баъдӣ бо мунтахаби Лубнон, ки 22 январ доир мешавад, пирӯз шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии дуюмашро дар мусобиқоти қаҳрамонии Ҷоми Осиё ба яккачини Қатар бохт.
Бозӣ дар, дар варзишгоҳи Ал-Байти шаҳри Доҳа доир шуда, бо ҳисоби 0:1 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт.
Акрам Афиф муаллифи ягона голи бозӣ гардид, ки дар дақиқаи дақиқаи 17-ум дарвозаи яккачини Тоҷикистонро рахна кард.
Тавре дар бозӣ дида мешуд, варзишкорони тоҷик низ сахт талош барои голзанӣ доштанд, аммо лаҳзаҳоро самаранок истифода накарданд. Ҳамчунин қатариҳо, ки қаҳрамони феълии Осиё ҳастанд ва тавоноии бештар доштанд, бозигарони мо бештар такя рӯйи дифоъ анҷом доданд.
Баҳси рушди футбол дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо масъулин: Ӯ камбудӣ ва роҳи ҳалро гуфт
Дар ин дидор ҳамзамон ба бозигари тоҷик Ҳамадонӣ Камолов дар дақиқаи 81-уми дидор корти сурх доданд. Довар барои бо пой ба рӯйи ҳарифаш задан ӯро чунин ҷазо дод ва ҳамакнун дар бозии баъдӣ низ вай ба майдон омада наметавонад.
Дар бозии дигари гуруҳ Лубнон бо Чин мусовӣ(0:0) карданд ва ҳамкнун Қатар бо шаш имтиёз дар садри ҷадвал аст ва новобаста аз бозии баъдияш бо Чин ба даври ҳаштякниҳоии қаҳрамонӣ роҳ ёфт.
Ҳамчунин Чин бо ду имтиёз дар зинаи дуюм ва дастаҳои Тоҷикистону Лубнон муттаносибан якимтиёзӣ дар ҷойҳои баъдӣ қарор доранд ва ҳарсе барои аз гуруҳ баромадан талош мекунанд.
Ҳамакнун барои аз гуруҳ баромаданд бозигарони тоҷикро зарур аст, ки бозии баъдиро бо пирӯзӣ анҷом диҳанд.
Рақобати навбатӣ бошад, бо мунтахаби Лубнон шоми 22-юми январ доир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Қаҳрамонии Осиё 24 даста ширкат карда, дар шаш гуруҳ миёни ҳам рақобат мекунанд.