Худиву тавоно: дар Душанбе 30 автобуси нави барқии ватанӣ муаррифӣ шуд

Автобусҳои барқии тамғаи "Акия НЕРУ" дар корхонаи муштараки тоҷикии “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Тоҷикистон истеҳсол мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар Душанбе 30 автобуси нави барқӣ муаррифӣ шуд.
Дар ин бора шаҳрдории пойтахт менависад, ки дар ин маросим раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ширкат кардааст.
Таъкид мешавад, ки автобусҳои барқии тамғаи "Akiya NERU" дар корхонаи муштараки тоҷикии "Akia Avesto Automatic Industry" истеҳсол мешаванд.
"Дар рафти шиносоӣ Рустами Эмомалӣ ба масъулин ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли автобусҳои электрикӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод", - гуфтанд дар шаҳрдории Душанбе.
Илова бар ин, омили муҳим он аст, ки ин навъи нақлиёт, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсолу васл карда мешавад ва ба стандартҳои аврупоӣ пурра мувофиқат мекунад.
Истеҳсолии силсилавӣ автобусҳои барқӣ аввалин бор дар Тоҷикистон аст.
Дар бораи вижагиҳои нақлиёт гуфта мешавад, ки ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВ соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати он то 300 км дар соат аст.
Кафолати батареяҳо ва дигар қисматзҳои дигар он 600 ҳазор км ва ё ҳашт сол буда, ғунҷоиши умумии мусофир 100 нафарро ташкил медиҳад.
Рустами Эмомалӣ хостори пурра ба мошинҳои барқӣ гузаштани ширкатҳои мусофирбарӣ шуд
Ёдовар мешавем, ки дар баҳори соли 2023 мақомоти Тоҷикистон дар бораи густариши истифодаи мошинҳои барқӣ дар кишвар ҳарф зада буданд.
Ҳамин тариқ, дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумон хабар дод, ки дар кишвар қонуне таҳия шудааст, ки ҳангоми воридоти мошинҳои барқӣ ба Тоҷикистон аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод аст.
Ахиран Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумон бо ҳамкасбонаш дар мавриди тавлиди муштараки мошинҳои барқӣ ба мувофиқа расида буд.