Вазорати мудофиаи Русия навори кори ҷангии "Тор-М2"-ро нашр кард, ки дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ сабт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин маҷмааи пешрафтаи дифои ҳавоӣ аст, ки барои ҳимоя аз доираи васеи таҳдидҳои ҳавоӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳо, чархболҳо, мушакҳои болдор ва мушакҳои баллистикӣ пешбинӣ шудааст.
Дар навори нашркардаи Вазорати дифои Русия маҷмааи Тор-М2 аз ҳавзаи марказии ҳарбӣ дар амалиёти воҳидҳои ҳамла дар самти Красний Лиман сабт шудааст.
Низомиён маҷмааи зиддимушакии "Тор"-ро "чашми ҳамабин" меноманд, зеро чунин дастгоҳи ҷангӣ ҳавопаймо ва мушакҳои душманро ва дар ҳама гуна шароит "мебинад".
Мақомоти мудофиаи Русия мегӯянд, ба шарофати таҷҳизоти муосир, маҷмааи мудофиаи ҳавоӣ ҳаракати қатори техникаи ҳарбиро назорат мебарад. Ҳамчунин аз ин маҷмаа барои ҳимояи қатори мошинҳо бо кумакҳои башардӯстона кор бурда мешавад.
Таъкид шудааст, ки ин таҷҳизот тавони истодагарӣ дар баробари ҳамлаҳои бошиддати ҳавоӣ, чӣ бо истифода аз ҳамопаймоҳо ва чӣ бесарнишинҳои ҷангиро дорад. Зикр гардидааст, ки дар мудофиаи ҳавоӣ "Тор" дар ҳолатҳое ҳам самаранок аст, ки агар ҷониби ҳариф онро мавриди оташ қарор диҳад ё монеаҳои радиоэлектронӣ эҷод намояд.