Зӯрозмоии мунтахабҳои Тоҷикистону Чин бидуни гол анҷом ёфт

Дар пайи бозиҳои даври аввали Ҷоми Осиё-2023 Қатар бо шикасти Лубнон дар дар гурӯҳи "А" пешсаф буда, Чин ва Тоҷикистон дорои 1 имтиёз мебошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустини бозияшро дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа бо тими миллии Чин мусовӣ анҷом дод, гарчанде фурсатҳои зиёде дошт.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрии дастаҳо, ки варзишгоҳи “Абулло бин Халифа”-и шаҳри Доҳа баргузор шуда буд, гарчанде бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом ёфта бошад, ҳам аз нигоҳи идораи тӯбу зарбаҳо тими кишвар аз чиниҳо бартар будааст.
Бозиро довари 37-солаи ФИФА Муҳаммад Хлед Ал-Хоиш аз Арабистони Саудӣ ҳакамӣ карда, дар давоми он ҷониби Тоҷикистон ду корти зард ва аз тарафи чинӣ як корти зард гирифта, ба касе корти сурх нишон дода нашуд.
Ҷамъи 150 ҳазор евро ба нархи Ятимов: Гаронтарин дарвозабони минтақа чанд пул меистад?
Аз омори нашркардаи ФФТ, бармеояд, ки футболбозони мунтахаби Тоҷикистон имкони зиёди задани голро, аз ҷумла Алишер Ҷалилов чандин фурсатро доштанд, аммо муваффақ нашудаанд.
Дар пайи анҷоми бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи "А" тими миллии Қатар бо 3 имтиёз пешсаф мебошад, чун ин дастаи мизбонон дар нахустин сабқат тавонист бо ҳисоби 3:0 Лубнонро шикаст диҳад.
Дар зимн Тоҷикистон ва Чин бо як имтиёзӣ дар зинаҳои ду ва се қарор дошта, Лубнон бидуни имтиёз дар радаи охири гуруҳ меистад.
Дар даври дуюми бозиҳои Осиё-2023 Чин бо Лубнон ва Қатар бо Тоҷикистон рӯзи 17-уми январ зӯрозмоӣ мекунанд.