Вазорати дифои Русия наворҳои кори ҷангии экипажҳои маҷмааи реактивии оташи вусъатдори "Град"- ро намоиш дод.
Дар навор амалиёти оташкушоии гуруҳи "Ҷануб" дар минтақаи амалиёти махсус сабт шудааст.
"Тӯпчиёни гурӯҳи нерӯҳои "Ҷануб" ба нерӯ ва техникаи ҳарбии душман зарба заданд", - омадааст дар иттилоияи Вазорати мудофиа.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳайати идории "Град" бо дарёфти маълумот дар бораи ҷойгиршавии душман аз воҳидҳои иктишофӣ, дар як зарба ҳадафро несту нобуд кард.
Ахиран расонаҳои ғарбӣ хабар дода буданд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҷараёни амалиёти вижаи Русия ҳазорон нафар аз низомиён, аз ҷумла таҷрибадортарин ва бомалакаро аз даст дод. Бо вуҷуди талафот ба дастоварде ноил нашудаст, афзуданд манобеъ.
Русия сар аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.