Тоҷикистон ба ҳимоят аз "Чини воҳид" изҳорот дод

Душанбеи расмӣ эълон намуд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро ягона ҳукумати қонунӣ ва ба намояндагӣ аз ҳамаи ин кишвар медонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Тоҷикистон ҷонибдории комили худро аз сиёсати "Чини воҳид" дар пасманзари интихоботи баргузоршуда дар Тайван эълон намуд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълон дошт, ки интихоботи 13 январи соли ҷорӣ дар Тайвани Чин баргузоршударо "ба истилоҳ интихобот" хонд.
Душанбеи расмӣ таъкид намуд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро ягона ҳукумати қонунӣ ва ба намояндагӣ аз ҳамаи Чин медонад.
"Тоҷикистон бо эътирофи Тайван ба сифати ҷузъи ҷудонашавандаи қадамрави Чин, қатъиян бар зидди ҳама гуна кӯшишҳои дахолати беруна ба корҳои дохилии ин кишвари дӯст аст", - таъкид шудаст дар изҳорот.
Трамп аз "наздикшавӣ"-и ҷанги сеюми ҷаҳон ҳушдор дод
Маврид ба зикр аст, ки мақомоти Тайван аз баргузории интихобот рӯзи 13 январ иттилоъ доданд, ки дар он раҳбари Ҳизби демократии пешоҳанг, Лай Тсинде, ки тарафдори истиқлоли музофот аст, раиси маъмурияти ҷазира шуд.
Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихобот, иштироки интихобкунандагон 69,8% буд ва беш аз 40% ба тарафдории Лай Тсиндэ овоз додаанд.
Муносибатхои расмии ҳукумати марказии Чин ва музофоти ҷазиравии он соли 1949 баъди ба Тайван кучидани қувваҳои шикастхӯрда аз Ҳизби коммунисти кишвар канда шуд.
Алоқаҳои тиҷорӣ байни ҷазира ва қисмати материкии Чин дар охири солҳои 1980 барқарор шуданд. Аз ибтидои солҳои 90-ум ҷонибҳо тавассути созмонҳои ғайриҳукуматӣ - Ассотсиатсияи Пекин оид ба рушди муносибатҳо дар саросари гулӯгоҳи Тайван ва Бунёди табодули байни гулӯгоҳҳои Тайбэй тамос гирифтанд.