ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Ширкати "Арвис" барои таъсиси корхонаҳои коркарди пахта ба даст овардани марҳилаи ниҳоӣ дар маҷмуъ ҳудуди 600 млн сомониро равона хоҳад кард.
Ин нукта зимни шарҳи созиши ҳукумат бо "Арвис" баён шуд, ки ахиран онро парлумон тасдиқ кард.
Тавзеҳ дода шуд, ки силсилаи корхонаҳо дар ду марҳила татбиқ гардида, дар марҳалаи якум арзиши он 300 млн сомониро ташкил медиҳад. Маблағгузории марҳалаи дуюм аз татбиқи пурраи марҳалаи якум вобаста буда, ҳаҷми умумии он он низ тибқи ҳисобҳои пешакӣ то 300 млн сомонӣ арзёбӣ гардидааст.
Ноиби аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Хуршед Мирзо гуфт, дар марҳалаи аввал, иқтидори истеҳсолии корхонаҳои таъсисшаванда 5,5 ҳазор тонна ришта 3,6 ҳазор тонна матои патдори рангуборшударо дар як сол ташкил медиҳад.
Инчунин фаъолсозии корхонаҳо барои таъсиси зиёда аз 2000 ҷойи кори доимӣ ва то 1500 ҷойи кори мавсимӣ замина мегузорад, тавзеҳ дод ӯ.
Таъкид гардид, ки татбиқи созишномаи мазкур барои рушди соҳаи нассоҷӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ, таъсиси корхонаҳои пахтатозакунию ресандагӣ, бофандагию дӯзандагӣ мусоидат мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи октябри соли гузашта ширкати "Арвис" дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи нассоҷиро дар ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дод, ки дар як сол 3 ҳазору 600 тонна ресмони пахтагинро коркард намуда, аз он маҳсулоти тайёр пешниҳод мекунад.