Володин гуфт, Байден бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад

Ба гуфтаи сиёсатмадор Байден ба "ҷанги хурди пирӯзӣ" ниёз дорад, то таваҷҷуҳи интихобкунандагонро аз нокомиҳо дар Украина ва мушкилоти ИМА парешон кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, бояд қабл аз сар задани ҷанги ҷаҳонӣ ва бо имкононти охиринаш ба қудрат часпида, ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Дар ин бора Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ, дар шарҳи ҳамлаи ИМА ва Бритониё ба Яман дар шабакаи Телеграми худ гуфт.
"Вашингтон ба давлати соҳибистиқлол ҳамла кард, қонунҳои байналмилалиро аз байн бурд ва Оинномаи СММ-ро нодида гирифт... Агар Иёлоти Муттаҳида як давлати ҳуқуқбунёд бошад, Байден бояд пеш аз оғози ҷанги ҷаҳонӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад", — навиштааст Володин.
Вай қайд кард, ки Байден ба "ҷанги хурди пирӯзӣ" ниёз дорад, то таваҷҷуҳи интихобкунандагонро аз нокомиҳо дар Украина ва мушкилоти Иёлоти Муттаҳида парешон кунад.
Ба гуфтаи вакили парлумон, ба ин далел маъмурияти президенти Амрико Конгресси Амрикоро дар бораи ҳамла огоҳ накардааст.
Ба гуфтаи раҳбари ҳизби ЛДПР Леонид Слутский, ҳамлаҳои Ғарб бар зидди Ҳусиҳо кумак ба Арабистони Саудӣ нест, балки кӯшиши англосаксонҳо барои наҷот додани ҷайби худ аст, зеро онҳо бар асари тахриби транзит тавассути канали Суэтс пулро аз даст медиҳанд.
"Зарбаҳо бар зидди Ҳусиҳо... ба Арабистони Саудӣ кӯмак намекунанд. Онҳо пули бузургро аз даст медиҳанд ... ҷаҳони англосаксон бар он аст, ки транзит тавассути канали Суэтс хароб мешавад. Онҳо дар фикри наыоти киссащои худанд",- гуфт вай.
Намояндаи Ҳусиҳо: ИМА ва Бритониё ба Яман 73 зарба заданд – видео
Шаби ҷумъа ИМА ва Бритониё ба ҳадафҳои ҷунбиши шиъаи Ансоруллоҳ (Ҳусӣ) дар шимоли Яман, ки таҳти ҳимояти Эрон аст, ҳамла карданд.
Узви Шӯрои олии сиёсии Ансоруллоҳ Муҳаммад Алӣ ал-Ҳусӣ ин ҳамлаҳоро ваҳшиёна террористӣ, таҷовузи қасдан ва беасос арзёбӣ кард.
Яҳё Сария, сухангӯи артиши Ҳусиҳо гуфт, ки ИМА ва Бритониё 73 ҳамла ба Яман анҷом доданд, ки дар натиҷа 5 ҷангии Ҳусӣ кушта ва шаш нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ба гуфтаи Пентагон, шаби шанбе Иёлоти Муттаҳида ба Яман ҳамлаи нав оғоз кард, он ба як насби радарҳои Ҳусиҳо нигаронида шудааст.