ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 13 январ бозии нахустини худро дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа анҷом медиҳад.
Ин бозӣ барои миллипӯшони Тоҷикистон таърихӣ хоҳад шуд, зеро ҷумҳурӣ аввалин бор дар чунин мусобиқаи бузург ширкат мекунад.
Рақиби дастаи мо дар ин давра тими Чин хоҳад буд.
Ин дидор дар варзишгоҳи “Абулло бин Халифа”-и Доҳа баргузор шуда, соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Сармураббии тими миллӣ Петр Сегрт дар нишасти хабарии қабл аз бозӣ гуфт, ки гурӯҳи мо қавист. Қатар, Чин ва Лубнон дастаҳои хубанд, ҳама рақибонро эҳтиром мекунем.
Ӯ афзуд, ки ҳоло тамоми диққатро ба бозии аввал бо тими Чин равона карддаанд, зеро бозии аввал ҳамеша ҳаяҷоновар аст.
"Чини бузург бо як кишвари хурде мисли Тоҷикистон бозӣ мекунад. Мо мубориза мебарем, дар ҳар як рақобат тамоми нерӯи худро сарф мекунем ва кӯшиш менамоем, ки дар Қатар то ҳадди имкон зиёдтар бимонем",- таъкид кард, сармураббӣ.
Сарвони тими милли Тоҷикистон Аҳтам Назаров, мегӯяд бозӣ ҳаяҷоновар ва таърихӣ хоҳад шуд.
"Мо омодаем, ки дар ҳар як бозӣ мубориза барем, то ба даври баъдӣ бароем",- гуфт бозигар.
Бозии шомро доварон аз Арабистони Саудӣ ҳакамӣ хоҳанд кард.
Вазифаи довари марказии ин бозиро довари 37-солаи ФИФА Муҳаммад Хлед Ал-Хоиш аз Арабистони Саудӣ ба ӯҳда дорад. Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Халаф Зайд Ал-Шаммарӣ ва Ёсир Абдуллоҳ Ал-Султон кӯмак мекунанд.
Довари эҳтиётӣ Муҳаммад Назмӣ Бин Насаруддин аз Малайзия хоҳад буд. Дар VAR довари ФИФА Холид Солеҳ Ал-Турайс аз Арабистони Саудӣ кор карда, вазифаи ёвари VAR-ро довари ФИФА Абдулло Ҷамолӣ аз Кувайт иҷро менамояд.