ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар додааст, ки аз 12 то 16-уми январи соли равон дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро ба ин самтҳо маҳдуд кунанд ва аз ҳар гуна сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ намоянд.
“Дар ин минтақа ҳамчунин анҷом додани ҳар гуна корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва ғайра маслиҳат нест”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамчунин КҲФ аз сокинони хоҳиш кардааст, ки ҳангоми гарм кардани хонаҳои худ қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро риоя намоянд.
“Фарзандони худро беназорат нагузоред ва ҳамеша дар ҳар сафар онҳоро ҳамроҳӣ кунед”, - илова кардааст КҲФ.
Кумита ба ронандагон тавсия додааст, ки қабл аз сафар аввал аз манбаъҳои расмӣ, дар бораи вазъи роҳ маълумоти дақиқ дарёфт кунанд, ба ахбори Агентии ҳавошиносии кишвар дар мавриди боду борон диққат диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, аз ронандагони мошинҳои боркаш хоҳиш карда шудааст, ки воситаҳои нақлиётро бо ҳама абзори зарурӣ, аз ҷумла занҷирҳо, бандҳо, фонусҳо ва ғайра таъмин намоянд.
Ҳамчунин аз ронандагон хоҳиш карда шудааст, ки суръати ҳаракатро дар роҳҳои кӯҳӣ боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд.