Дар пайи ғасби идораи телевизион, президенти Эквадор Даниэл Нобоа фармонеро имзо кард, ки дар он мавҷудияти "даргириҳои дохилии мусаллаҳ" эътироф шуда, барои безарар гардонидани 22 гурӯҳи ҷиноӣ амр дод.
Дар видеое, ки агентии Ruptly нашр кардааст, нишон медиҳад, ки чӣ гуна пулис бинои телевизионро иҳота кардааст ва омодагӣ ба ҳамла доранд. Инчунин наворҳо аз идораи телевизион баъди озод карданаш аз силоҳбадастон намоиш дода мешавад.
Додситонии кулли кишвар гуфт, 13 нафарро барои ҳамла ба идораи телевизион бо иттиҳоми терроризм ба ҷавобгарӣ хоҳад кашид.
Вазъият дар Эквадор 7 январ баъди аз зиндон гурехтани роҳбари гуруҳи "Лос-Чонерос" Хосе Адолфо Вилямар, бо лақаби Фито шиддат гирифт.
Аллакай 9 январ дар зиндони Чимборосо бетартибиҳо рух доданд, ки дар пайи он роҳбари гуруҳи дуюми бузурги ҷиноӣ, Фабрисио Колон Пико низ фирор намуд. Ӯ роҳбари гуруҳи ҷиноии "Лос Лобос" ба шумор меравад.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар барои дубора ба даст овардани назорат бар низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ сафарбар карда шудаанд.