ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Иттиҳодияи Аврупо аз таҳримҳо алайҳи Русия то ҳол амалн 500 млн евроро аз даст дод.
Дар ин бора вакили Бундестаг Маттиас Мусдорф дар мусоҳиба бо нашрияи "Известия" изҳори назар кард.
Вай бовар дорад, ки эҷоди маҳдудиятҳои иқтисодӣ Русияро мустаҳкаму осебнопазир месозанд.
"Таҳримҳо танҳо ба Ғарб таъсир мерасонанд. Дар худи Русия онҳо тафаккури "қалъаи муҳосирашуда"-ро тақвият медиҳанд. Хароҷоти воқеии таҳримҳо барои Иттиҳодияи Аврупо эҳтимолан аз 500 миллион евро гузаштааст", - таъкид кардаст вакил.
Қаблан вазири молияи Олмон Кристиан Линднер гуфта буд, ки Берлин 50%-и кумакҳои Иттиҳодияи Аврупоро ба Киев пардохт мекунад.
Илова бар ин, ӯ эътироф кард, ки таҳримҳо алайҳи Русия боиси болоравии нархи нафту газ шудааст.
Пас аз оғози амалиёти вижа кишварҳои ғарбӣ фишори иқтисодиро болои Маскав афзоиш доданд.
Президенти Русия, Владимир Путин қайд кард, маҳдудиятҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ заданд. Бо вуҷуди ин, Русия бо оқибатҳои онҳо мубориза мебарад ва худи Ғарб ҳам на як бор изҳор доштааст, ки ин маҳдудиятҳо бесамар аст.