Озода Раҳмон тасдиқ кард: Раисону вазирон пеши омма ҳисобот медиҳанд

Дар нишастҳои матбуотии солона, ки тибқи амри раисҷумҳури Тоҷикистон сурат мегиранд, роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ аз кори кардаашон ҳисобот медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Нишастҳои ҷамъбастии вазорату идораҳо дар Тоҷикистон 29 январ оғоз шуда, ҳудуди 19 рӯз идома хоҳанд кард.
Нақшаи ташкили нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳоро роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон, Озода Раҳмон тасдиқ кард.
Роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии Тоҷикистон то 16 феврал аз фаъолияташон дар соли 2023 ва нақшаҳо дар соли ҷадид ҳисобот дода, ба суолҳои рӯзноманигорон посух хоҳанд гуфт.
Раҳмон: аз 28 ҳазор иншооти дар нақшабуда 10,5 ҳазор ададаш сохта шудаанд
Зимни нишастҳои матбуотӣ вазирон ё ноибонашон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ натиҷаҳои фаъолияташонро дар нимсолаи аввали соли равон пешниҳоди омма мекунанд.
"Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби чанд вазорату идораҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имкон доранд ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд", - омадааст дар иттилоия.
Нишастҳои матбуотӣ, мутобиқи амри раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз 15 сентябри соли 2011, соле ду бор, дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа ва яксола баргузор мешаванд.
Қаблан роҳбарон ҳар семоҳа нишастҳои матбуотӣ баргузор мекарданду аз бурду бохти бахши таҳти масъулияташон гузориш медоданд.