ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Теъдоди қурбониёни заминларзаи рӯзи 1 январ дар минтақаи нимҷазираи Ното дар префектураи Исикаваи Ҷопон ба 128 нафар расид, менависад хабаргузории Киодо.
Тибқи маълумоти охирин, 560 нафар ҷароҳат бардошта, 222 нафари дигар бедаракшуда ҳисобида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки силсила заминларзаи шадид дар ғарби Ҷопон дар рӯзи Соли нав рух дод, ки қавитарин заминларза 7,6 дараҷа будааст.
Дар маҷмӯъ, дар давоми рӯз 87 пасларза ба қайд гирифта шуд, ки қуввааш аз ду балл зиёдтар аз рӯи ҷадвали Ҷопон аст.
Ба гуфтаи сейсмологҳо, пасларзаҳо тақрибан як ҳафта идома доранд.
Ба офати табиӣ "зилзила дар нимҷазираи Ното" ном дода шуд. Мувофиқи маълумоти Агентии метеорологӣ, он барои минтақа аз соли 1885 пурқувваттарин буд.
Бар асари ин офати табиӣ, беш аз 1370 хона қисман ё пурра хароб шудааст. Дар префектураи Исикава 66 ҳазор хонавода бе об ва беш аз 23,9 ҳазор хонавода бе барқ мондаанд. Дар макони ҳодиса 5400 нафар кормандони нерӯҳои худмуҳофизакунанда фаъолият доранд.
Дар робита ба ин ҳодисаи маргбор кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Император ва сарвазири Ҷопон номаи ҳамдардӣ ирсол карда буд.