ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Давоми соли сипаришуда дар Хатлон 12,7 ҳазор зан бо ҷойи кор таъмин гардид, хабар медиҳад Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин вилоят.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра ҷамъан 66 ҳазор нафар бо ҷои кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин гардиданд, ки дар қиёс ба соли қаблӣ ин рақам хеле зиёд аст.
Зикр гардид, ки аз ин миқдор ҷойи кории ташкилшуда 58960 ҷой аз ҳисоби шахсони воқеӣ мебошад.
Илова бар ин, соли гузашта беш аз 13 ҳазор нафари дигар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд, ки аз ин миён 6 649 нафар тариқи ройгон дар марказҳои ин Раёсат ба касбомӯзи ҷалб шудаанд.
Манбаъ афзуд, давоми соли 2023 ба Раёсат ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо беш аз 38 ҳазор нафар барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат карданд, ки 34,4 ҳазорашон ба қайд гирифта шуда, 25 ҳазору 700 нафарашон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Бояд гуфт, ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ ва ифтитоҳи иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ ва истеҳсолӣ, ки онҷо ҷойҳои корӣ таъсис дода шудаанд ба шуғли аҳолӣ мусоидат мекунад.
Қаблан коршиносон таъкид намуданд, ки 49,3 дарсади шаҳрвандони бекори Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд.