ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Эрон 32 нафари марбут ба ҳамлаи террористӣ дар Кирмонро боздошт кардааст.
Дар ин бора додситони вилоят Меҳдӣ Бахшӣ дар суҳбат бо расонаҳои эронӣ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки пас аз маросими таҷлил аз 4-умин солгарди шаҳодати генерал Сулаймонӣ дар Кирмон 16 бомб кашф шудааст.
Генерал ҳамчунин гуфт, ки дар як вилояти Эрон хонае кашф шудааст, ки дар он ду бомбгузори маргталаб зиндагӣ мекарданд.
“Дар он ҷо маводи тарканда барои истифода омода буданд, аз ҷумла тасмаҳои тарканда", - изҳор дошт Бахшӣ.
Ёдовар мешавем, ки ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Кирмон дар ҷанубу шарқи Эрон дар маросими мотам ба хотири чаҳорумин солгарди марги генерал Қосим Сулаймонӣ
рух дод. Бар асоси охирин маълумот, шумори кушташудагон ба 89 нафар расидааст, ки 12 нафари онҳо кӯдакони то 15-сола мебошанд. Дар ин ҳодиса 284 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Маълум шуд, ки таркишҳо ба таври фосилавӣ сурат гирифтаанд - кормандони ҳифзи ҳуқуқ муайян карданд, ки ду халта бо маводи тарканда дар назди даромадгоҳи қабристони шаҳри Кирмон ҷойгир шудааст.
Ҳамчунин, раисиҷумҳури ин кишвар Иброҳим Раисӣ сафари қаблан тарҳрезишудааш ба Туркияро рӯзи 4 январ ба таъхир андохт. Вай гуфт, ки созмондиҳандагон ва омилони ин ҳамлаи террористӣ аз ҷониби нирӯҳои амниятӣ ва ниҳодҳои интизомии Ҷумҳурии Исломӣ муайян карда, муҷозоти шадид хоҳанд шуд.
Фармондеҳи нерӯҳои вижаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон Қосим Сулаймонӣ ва муовини раиси ситезаҳои шиъаи Ироқ Абӯмаҳдӣ ал-Муҳандис шаби 3 январи соли 2020 бар асари як амалиёти Амрико дар минтақаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ кушта шуданд.