ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Дар баёнияе вазорати дафои Русия омадааст, ки дар таърихи 6 январ як талоши дигари режим Киев барои анҷоми як ҳамлаи террористӣ бо истифода аз мушакҳои ҳидоятшаванда алайҳи аҳдофе дар қаламрави Русия мутаваққиф шуд.
“Сомонаҳои дифои ҳавоӣ дар ҳоли анҷоми вазифа чаҳор мушакро бар фарози шабаҳи ҷазираи Қрим раҳгирӣ ва мунҳадим карданд”,- хабар додааст вазорат.
Неруҳои мусаллаҳи Украин ба таври муназзами манотиқи марзии Русияро гулӯлаборон мекунанду ҳамалоти паҳподӣ ва харобкорӣ анҷом медиҳанд.
Артиши Рӯсияи тамоми талошҳои душманро саркӯб ва системаҳои дифоии ин кишвар ҳамалоти ҳавоиро бо муваффақият дафъ мекунанд.
Бо ҳамин тартиб дар шомгоҳ панҷ паҳпод бар фарози дарёии сиёҳ сарнигун шуданд ва рӯзи қабл муваффақ шуданд мушаки зиди киштии “Нептун”-и украиниро бар фарози шимоли ғарбии дарёии сиёҳ мунҳадим кунанд.
Дар Севастополи Қрим сатҳи зарди хатари террористӣ эълом шудааст, ки шомили тақвияти кори созмонҳои иҷрои қонун, анҷоми ҷустуҷӯ дар истгоҳҳои қатору маконҳои шулӯғ, қарор додани созмонҳои пизишкӣ дар ҳолати омодбош ва тақвияти амнияти таъсисот стротежик аст .