Тоҷикистон ният дорад 12 ёдгории таърихӣ ва фарҳангиро ба феҳристи ЮНЕСКО ворид намояд

Тоҷикистон дар соли равон тасмим дорад 12 ёдгории таърихӣ-фарҳангии Хутали қадимро ба феҳристи умумибашарӣ пешниҳод намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Соли 2024 Тоҷикистон 12 ёдгории таърихӣ-фарҳангии Хутали қадимро ба феҳристи умумибашарӣ пешниҳод менамояд, иттилоъ додааст АМИТ "Ховар" дар истинод ба ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО ва ИССЕСКО.
Тибқи иттилоъ, имсол номинатсияи "Хутали қадим"-ро дар шакли силсилаҷоиза пешниҳод менамоянд, ки ёдгориҳои "Қалъаи Ҳулбук", "Шаҳристони Ҳулбук", "Манзартеппа", "Қасри шоҳони Хутал" дар ноҳияи Восеъ, ёдгории "Золи Зар", мақбараи "Мавлоно Тоҷиддин" дар ноҳияи Данғара, Шаҳраки Золи Зар, Шаҳртеппа, Корвон-саройи Тоҳир, "Хишттеппа" дар ноҳияи Ховалинг, ёдгории "Шоҳи Хомӯш" дар ноҳияи Муъминобод, Дайри буддоии "Аҷинатеппа" ва шаҳраки Ҳалевард-Кофирқалъа ба он дохил мешаванд.
Бояд изҳор дошт, ки соли 2023-ум 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд, ки сабаби эътибори бештар пайдо намудани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.
Атласу адраси Тоҷикистон ба мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шуданд
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Ҷашни Сада, ҳунари бофтани атласу адрас ва зарҳалкорӣ ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.
Мақсади асосии ворид намудан, ҳифзи расму оини суннатӣ, дониш, малака ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда мебошад. Ҳоло дар ин рӯйхат зиёда аз 600 номгуй зикр шудааст.